Масъалаи дастгирии низоми бонкии кишвар бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид

Рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дастгирии низоми бонкии кишвар ва сайёҳӣ аз масъалаҳои калидие буданд, ки зимни мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо Директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба стратегияи кишварӣ ва сиёсат Артур Радзивилл мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Тарафҳо зимни мулоқот инчунин азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БАТР баён доштанд»,-зикр кард манбаъ.
Вохӯрӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: