ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН РОҶЕЪ БА ВАЗЪИЯТ ДАР НАВОРИ ҒАЗЗА

Ҷумҳурии Тоҷикистон хунрезӣ дар навори Ғазза ва кушта шудани даҳҳо шаҳрванди Фаластинро, ки ба тазоҳуроти осоишта баромада буданд, қотеъона маҳкум менамояд. Чунин гуфта шудааст дар Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардид.

Дар идомаи изҳорот, аз ҷумла, омадааст:

«Шиддатёбии вазъият ва таҳрики амалиёти хушунатбор вазъияти бе ин ҳам хатарноки минтақаро печидатар месозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати ҳатмии ҳалли низоъ бар асоси қатъномаҳои маълуми Шӯрои амнияти СММ, аз ҳамаи ҷонибҳо даъват ба амал меорад, ки аз истифодаи зӯр ва амалҳое, ки поя ва асоси сулҳу суботро аз байн мебаранд, худдорӣ намоянд».

АМИТ "Ховар"