Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рисолати танзим-ислоҳоти маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ» доир мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ,хабар доданд, конфронси мазкур 9 ноябр, соати 09:00 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Мақсади конфронс аз татбиқ ва тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амалӣ намудани таҷрибаи пешқадам дар ин самт иборат мебошад.
АМИТ "Ховар"