6 апрели соли равон, соати 10:00 дар майдони варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон – 2018 баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, иқдоми мазкур бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ роҳандозӣ гардидаст. Зеро он яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат ба ҳисоб рафта, беҳтарин роҳи муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Бозиҳои варзишии Тоҷикистон дар чор сол як маротиба баргузор гардида, яке аз чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ дар мамлакат ба ҳисоб мераванд. Инчунин ин бозиҳо барои дарёфти чеҳраҳои нави варзиши тоҷик ва тарбияву ба камол расонидани варзишгарон мусоидат намуда, онҳоро дар бозиҳои Осиё, олимпӣ ва мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ роҳнамоӣ менамоянд.
Бозиҳои варзишии Тоҷикистон – 2018 аз рўи 11 намуди варзиш, аз қабили гӯштини миллӣ, гӯштини юнонӣ – румӣ, самбо, дзюдо, тарзи озод, таэквандо (ВТФ), баскетбол (мардон, бонувон), волейбол (мардон, бонувон), варзиши сабук, бокс ва вазнбардорӣ баргузор мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон – 2018 дар ҷумҳурӣ то 2 майи соли равон идома меёбанд.
АМИТ "Ховар"