Аз таҷрибаи давлатдории кишварҳои олам маълум мегардад, ки мардумони тамоми дунё муҳаббати хешро ба ватан маҳз тавассути рамзҳои он, аз ҷумла, Парчам ифода мекунанд. Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ маънои самимона дӯст доштани Ватани маҳбуб, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он ва эҳтиром ба ҳар ваҷаб замину ҳар қатра оби зулоли он аст.
Бо ин мақсад ҷавонони аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе то Роҳи оҳани Тоҷикистон таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, эй Ватан”» роҳпаймоии идона доир намуданд.
Пос доштани муқаддасоти миллӣ ва ифтихор аз онҳо вазифаи ҷонии ҳар як ҷавон ба шумор меравад, зеро зиндагӣ дар зери ливои ваҳдату сулҳу субот ва парафшонии парчами давлати соҳибистиқлол барои миллати тоҷик бахту иқболи баланд ба шумор меравад.
АМИТ "Ховар"