Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши канории Иттиҳоди Аврупо дар Женева сухан гуфт

27 ноябри соли 2018 Вазири корҳоихориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни сафари корӣ ба шаҳри Женева ҷиҳатииштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар ҳамоишиканории Иттиҳоди Аврупо ва Бонки осиёии рушд зери унвони«Инфрасохтори минтақавӣ ва рушд» иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҳамоиши мазкур Вазири корҳои хориҷӣ роҷеъ ба талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи мусоидат ба сулҳу субот дар Афғонистон сухан ронда, ба иқтидори транзитии кишвари ҳамсоя, зарурати истифодаи он ва таҳкими тадбирҳои минтақавӣ дар ин самт таъкид намуд.

АМИТ «Ховар»