Бо мақсади шиносоии бештари кӯдакону наврасон бо расму суннатҳои наврӯзӣ ва таърихи пайдоиши ин ҷашни бостонӣ маъмурияти Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасмим гирифт, ки барои кӯдакону наврасон тамошои ройгони нигораҳо, мусаввараву муҷассамаҳои марбут ба Наврӯзро баргузор намояд.
Директори осорхонаи мазкур Хушомад Алидод гуфт, ки «дар муассисаҳои таълимӣ оид ба ин ҷашни бостонӣ ба кӯдакону наврасон маълумоти зиёди шифоҳӣ пешниҳод мегардад, аммо ба қавли мардум, “шунидан кай бувад монанди дидан”. Дар ин ҷо мутахассисони мо ҳар як нигораро шарҳу тавзеҳ медиҳанд ва доир ба онҳо бо кӯдакону наврасон мубоҳиса доир мекунанд. Ҳадафи мо аз баргузории ин дарҳои боз роиҷ гардондани фарҳанги осорхонаравӣ миёни шаҳрвандони кишвар мебошад. Ин фарҳангро бояд аз хурдсолӣ дар ниҳоди кӯдакон парвариш намуд».
Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилоят имсол 75-сола мешавад. Ҳоло дар хазинаи ин осорхона 12 ҳазор нигора мавҷуданд ва танҳо соли гузашта аз ҳисоби даромади худи осорхона боз 63 нигора ба хазина ворид гардид. Ягона мушкилии осорхона ба талабот ҷавобгӯ набудани бинои он мебошад. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки соли равон бунёди бинои мутобиқ ба меъёрҳои муосирро оғоз кунад.
АМИТ «Ховар»