Бар асари боришоти беисти барф дар шабонарӯзи охир дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон болопӯши ҳафт манзили истиқоматӣ ва дар ҳудуди вилоят болопӯши 20 хонаи сокинон хароб гардидааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар дода, зикр карданд, ки ин ҳодисаи фавқулода набуда, хунукназарии шаҳрвандон нисбат ба моликияти хусусӣ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар айни ҳол хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо дар қисматҳои алоҳидаи роҳи мошингарди сатҳи байналмилалии Дарвоз-Хоруғ нақлиёти зиёди боркашу мусофирбар дар роҳ дармонда буданд. Масъулини ноҳияҳои вилоят ҳамаи мусофирону ронандагонро дар ҷойҳои амн ва хонаҳои шаҳрвандон ҷой карданд.
Мавриди зикр аст, ки боришоти беисти барф дар шабонарӯзи охир дар ҳудуди ВМКБ сабаби мушкилоти зиёд дар рафтуомади нақлиёти боркашу мусофирбар дар роҳҳои мошингард гардидааст.
Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар айни ҳол роҳи сатҳи байналмилалии Хоруғ-Душанбе дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон бинобар сабаби фаромадани тармаю кӯҳпораҳо баста мебошад. Роҳҳои Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб низ банд шуда, боришоти барф дар ҳудуди вилоят имкон намедиҳад, то роҳсозон ҷодаро аз барф тоза намоянд. Ҳоло барои дар фурсати кӯтоҳтарин боз намудани роҳи сатҳи байналмилалии Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма тамоми техникаҳои муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ ва хоҷагии халқи вилоят ба ин самт сафарбар гардидаанд, то ин масир аз барфу тармаҳо озод гардида, рафтуомади нақлиёт дар ин самт таъмин шавад.
Шурӯъ аз дарвозаи тиллои Бадахшон-Дарвоз то дурдасттарин ноҳияи Мурғоб навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Бадахшон, ғафсии қабати барф дар шаҳри Хоруғ 40 сантиметр ва дар маҷмӯъ дар вилоят 75-80 сантиметрро ташкил медиҳад.
Чунин барфрезии шадид ба ҳаракати нақлиёти мусофиркаши шаҳри Хоруғ низ монеа эҷод намуд. Имрӯз ронандагони нақлиёти мусофиркаш натавонистанд мусофиронро ба ҷойҳои зарурӣ интиқол диҳанд. Гарчанде техникаи барфтозакунӣ беист фаъолият дорад, аммо шиддати барф имконият намедиҳад, ки роҳҳо аз барф тоза шаванду ҳаракати нақлиёт таъмин гардад. Айни замон бошандагон ба тоза кардани бомпӯшҳои биноҳои истоқоматии худ машғуланд.
Дар робита ба ин ҳодиса имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов ҷаласаи фаврии ситоди сохторҳои вилоятӣ баргузор гардид. Дар ситоди навбатӣ масъалаҳои пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулода, сари вақт тоза кардани роҳҳои мошингард аз барф ва таъмини фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои таълимию тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки дар даҳ Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят 38 тонна маводи сӯзишворӣ дар ихтиёри роҳсозон қарор дорад. Вале камчинии техникаи роҳсозӣ ҳоло ҳам дар вилояти Бадахшон эҳсос мешавад.
Бино ба иттилои масъулини Идораи хоҷагиҳои роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистори Бадахшон, бинобар фаромадани 26 тарма дар роҳҳои мошингарди ҳудуди вилоят роҳҳо баста шудаанд ва ҳар лаҳза рух додани ҳодисаҳои табиӣ, аз қабили фаромадани тармаю канда шудани кӯҳпораҳо аз эҳтимол дур нест.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барфи шиддатнок боқӣ мемонад. Дар робита ба ин масъулини вилоят аз шаҳрвандони ин минтақа хоҳиш кардаанд, ки дар ин рӯзҳо аз сафар кардан ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
АМИТ «Ховар»