Омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи атласу адрасбофии Суғд

Интизор меравад, ки таҷрибаи пешрафтаи ҳунари атласу адрасбофии вилояти Суғд дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш ва роҳандозӣ қарор гирад.
Дар робита ба ин дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳёи ҳунарҳои миллии атласу адрасбофӣ бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Шакарбек Самадзода- муовини раиси шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд рафт.
Дар мулоқоте, ки бо ҳузури меҳмонон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир гардид, роҷеъ ба рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумии атласу адрасбофӣ ва қолинбофии дастӣ дар вилоят ибрози назар карда шуд. Зикр гардид, ки дар вилояти Суғд бо мақсади ҷалби бонувон ба омӯзиши ҳунарҳои адрас ва атласбофӣ беш аз 159 маркази омӯзишӣ таъсис ва давоми се сол 9000 занҳои хонашин соҳиби касбу ҳунар шуданд. Ҳамчунин барои дастгирии ҳунармандон грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол лоиҳаи беҳтарини занҳои ҳунарманд барои амалӣ намудани фаъолияти ҳунармандӣ дастгирӣ мегарданд.
Таъкид карда шуд, ки барои ҳавасманд намудани адрасу атласбофон дар вилоят фестивал — озмуни адрасу атлас ва бофандаи беҳтарин гузаронида мешавад, ки барои рушди соҳа заминаи муҳим мегузоранд. Алҳол дар вилояти Суғд ҳунари бофандагӣ ба марҳилаи дуюми рушд расидааст ва занҳои ҳунарманд аз ҳафт то дувоздаҳ рангро барои бофтани матоъ истифода менамоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бонувони адрасбоф ҳунари худро сайқал дода, матои ба талаботи бозор ҷавобгӯро истеҳсол менамоянд.
Дар вилоят муассисаи давлатии Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ ташкил карда шуд.
Меҳмонон барои омӯхтани таҷрибаи адрасбофони вилояти Суғд аз марказҳои ҳунаромӯзӣ боздид намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: