Баъди истиқболи бошукуҳ дар ҷамаоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи навбати аввали роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг иштирок намуданд ва расман онро мавриди истифода қарор доданд.
Масофаи роҳи мошингарди “Восеъ — Ховалинг” 88 километрро ташкил дода, бо харҷи 600 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Корҳои сохтмонии навбати дуюми роҳи мазкур моҳҳои наздик шуруъ гардида, асфалтпӯш кардан, чароғонкунӣ, сохтмони роҳҳои пиёдагард ва дигар иншооти ёрирасон саривақт ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонида шуда, роҳи мазкур ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешавад.
Баъди ба истифода додани навбати аввали роҳи мошингарди “Восеъ-Ховалинг” акнун имкон фароҳам гардид, ки мушкили рафту омади воситаҳои нақлиёт, мусофиркашӣ бартараф гардида, интиқоли молу маҳсулот тариқи роҳи мазкур бештар гардад.
Сокинони ноҳияи Восеъ аз ин ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу минатдорӣ карда, бунёди навбати аввали роҳи мошингарди “Восеъ — Ховалинг” — ро аз ҳадафҳои бобарору созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани шаҳру ноҳияҳои мамлакат арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди роҳи мошингарди Восеъ — Ховалинг баҳои баланд доданд ва барои анҷоми корҳои навбати дуюми роҳи мазкур масъулин дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.