Дар Осорхонаи миллӣ намоиши эҷодиёти рассомони вилояти Суғд доир мегардад

25 июли соли равон  дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоиши мусаввараҳо аз фонди Осорхонаи таърихӣ ва асарҳо аз эҷодиёти рассомони вилояти Суғд баргузор мегардад. Намоиши мазкур ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад.

Тавре зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» Фаридун Кенҷаев хабар дод, намоиш аз соати 10 оғоз гардида, дар он офаридаҳои рассомон, аз қабили мусаввараҳо, кундал ва ҳайкалтарошӣ ба тамошо гузошта мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ташаббускорони намоиш Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мебошанд.

«Намоиши эҷодиёти рассомони вилояти Суғд 25 июл оғоз ёфта, то 15 августи соли 2018 идома меёбад»,-хабар доданд аз Осорхона.

АМИТ«Ховар»