Ҳукумати Берлин тасмим гирифтааст, ки дар сурати ҳамлаҳои эҳтимолии террористӣ ҳимояи 18 макони сайёҳиро тақвият ва таҳким бахшад. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора рӯзномаи Berliner Morgenpost бо истинод ба манбаъҳои сенатори шаҳр навиштааст.
Барои намуна онҳо майдони Брайтшайдплатс дар ноҳияи Шарлоттенбургро, ки пас аз ҳамлаи террористӣ дар намоишгоҳи солинавӣ 19 октябри соли 2016 бо деворҳо ҳифз гардид, дар назар доранд. Тадбирҳои амниятӣ, аз ҷумла дар атрофи маҷмааи осорхонаи Форуми Ҳумболдт, дар Александрплатс ва дарвозаи Бранденбург тақвият дода мешаванд.
Намояндаи вакили шаҳр Андреас Гайзел гуфт, ки на танҳо маконҳои сайёҳӣ ва бисёр ҷойҳои диданӣ, балки иншооти дорои аҳамияти сиёсӣ ё рамзӣ низ ҳифз карда мешаванд.
Барои таҳияи тадбирҳои амниятӣ гурӯҳи корӣ аллакай таъсис шудааст.
АМИТ «Ховар»