Президенти Тоҷикистон сарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо Рӯзи истиқлолият табрик намуданд

Ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 1 сентябр таҷлил карда мешавад, ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз роҳбарони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ходимони намоёни давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ табрикоти самимӣ ирсол мегарданд, иттилоъ медиҳад Агентии миллии иттилоотии «УзА».

Ба иттилои манбаъ, дар барқияи табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст:

«Муҳтарам Шавкат Миромонович,

Шумо ва ҳамаи ҳамватанони Шуморо бо ҷашни миллӣ — Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик мегӯям.

Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо саломатии бардавом, саодат ва дар корҳоятон муваффақиятҳои нав, инчунин ба халқи бародари ӯзбек сулҳи абадӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.

Дар тӯли солҳои истиқлолият Ӯзбекистон роҳи тӯлонии бунёди давлатдориро тай намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини болоравии некӯаҳволии мардум ва таҳкими нуфузи байналмилалии худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Махсусан дигаргуниҳое, ки имрӯз дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар таҳти роҳбарии Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, ба амал омада истодаанд, таассуротбахшанд.

Тақвият ва густариши пайвастаи равобити дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамкории гуногунҷанба ҳамеша ҷузъи муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд ва мемонад.

Боиси хушнудист, ки солҳои охир бо саъю кӯшиши муштараки ҷонибҳо ҳамкории пурсамари байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бемайлон рушд мекунад.

Итминон дорам, ки мо минбаъд низ бар асоси анъанаҳои чандинасраи дӯстӣ, некию ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила муносибатҳои шарикии стратегии ду кишварро ба манфиати халқҳои бародарамон, таъмини сулҳ, субот ва рушди минбаъдаи ҳамкории созанда дар минтақаамон ҳамаҷониба тақвият хоҳем дод.

Бо эҳтироми амиқ,
Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

АМИТ «Ховар»

Tags: