Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангӣ-фароғатиро дар ноҳияи Дарвоз мавриди истифода қарор доданд

19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи зебои ноҳияи Дарвоз Боғи нави фарҳангӣ-фароғатиро мавриди истифода қарор доданд.

Боғи фарҳангию фароғатии муосир аз ҷониби 11 нафар соҳибкори ватандӯсти ноҳияи Дарвоз дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии истиқлоли давлатӣ ва бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат бунёд шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа, ин маркази зебо ҳамчун боғи кӯдакона барои истироҳату фароғат ва омӯзиши таърихи иншооти муҳими тамаддуни башарӣ, инчунин тарбияи эстетикии кӯдакону ҷавонон бунёд карда шудааст.

Дар даромадгоҳи боғи марказии фарҳангӣ — фароғатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонону наврасони саодатманди мамлакат бо самимияти хосса ва садоқати бепоён аз Сарвари давлат истиқбол гирифтанд.

Дар ҳудуди боғи мазкур майдончаҳои бозии кӯдакона, аттраксионҳо, катора, муҷассамаи иншооти таърихии ба рӯйхати муъҷизаҳои олам воридгардида ва дигар марказҳои фароғатӣ бунёд шудаанд.

Дар корҳои ободонӣ мутахассисони ватанӣ ба кор ҷалб гардида, масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода гардидааст.

Заминҳои ин мавзеъ дар вақти бунёди маркази фароғатӣ хеле хуб истифода шуда, табиати нотакрори кишварро таҷассум мекунанд.

Майдони ҳудуди боғ сабзазор карда шуда, барои хуррамгардонӣ дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулу буттаҳои зебои мавсимӣ шинонида шудаанд.

Намои шабонаи боғ низ аз ҳисоби чароғҳои ранга хеле дилкашу зебо мебошад.

Роҳравҳои ҳудуди боғ сафолакпӯш гардида, барои истироҳаткунандагон курсиҳо гузошта шудаанд.

Барои сайру гашт ва фароғати кӯдакону наврасон 10 намуди аттраксионҳо насб гардидаанд. Ҳудуди боғро фаввораҳои хурду бузург зебу зиннат бахшида, ба ин марказ ҳусни дигар зам мекунанд.

Бо бунёди Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳияи Дарвоз барои сокинону меҳмонони ноҳия имкони мусоиди истироҳату фароғат муҳайё гардида, аз фароҳам шудани чунин имконият кӯдакону наврасон рӯҳбаланд мебошанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: