Сарвари давлат: «Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст»

Амнияту субот ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бевосита ба вазъи Афғонистон вобастагӣ доранд. Афғонистон ҳанӯз ҳам дучори вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Тавре Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид иброз доштанд, наваду ҳафт фоизи аҳолии Афғонистон дар ҳолати фақр қарор дорад. Бо дарназардошти чунин вазъи душвор, Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дирўз, 20 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк.

Бо истифода аз фурсати муносиб Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар муроҷиат намуданд, ки ҳаҷми кумакҳои башардӯстонаро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон бештар гардонанд.

«Дар ин росто, мо омодаи ҳамкории минбаъда бо шарикони байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҳастем. Мо ҳамоно роҳандозии муколамаи байниафғонӣ ва таъсиси ҳукумати воқеан ҳамашумулро бо иштироки намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ заминаи муҳимми расидан ба сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон медонем», -таъкид намуданд Пешвои миллат.Президенти мамлакат изҳори нигаронӣ намуданд, ки қочоқи маводи мухаддир махсусан аз қаламрави Афғонистон дар ду соли охир бамаротиб афзоиш ёфтааст. Дар ин давра мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар марз бо ин кишвар беш аз 10 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки назар ба солҳои пеш чандин маротиба зиёд аст.

«Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025 пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад. Мо ният дорем, ки соли 2024 дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Душанбе Конфронси навбатии байналмилалиро оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он баргузор намоем. Тоҷикистон бори дигар таъкид мекунад, ки вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои глобалии имрӯза бояд фарогир бошад», -изҳор доштанд Сарвари давлат.

Президенти Тоҷикистон дар робита ба ин, тазаккур доданд, ки Дафтари мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид метавонад ва бояд дар татбиқи ҳамаҷониба ва мутавозини Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмон ва дигар санадҳои дахлдори он фаъолияти муассир дошта бошад.

«Кӯшишҳо, инчунин, бояд барои пешгирӣ аз сӯиистифодаи интернет ба мақсади таблиғу ташвиқи тундгароӣ, ифротгароӣ ва зӯроварӣ равона карда шаванд.Тоҷикистон аз арзёбии ҳаштуми Стратегияи ҷаҳонии мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ қабул гардид, истиқбол менамояд. Бовар дорем, ки ин санад барои роҳнамоии минбаъдаи талошҳои зиддитеррористии мо як заминаи устуворро фароҳам меоварад».- гуфтанд Пешвои миллат.

Tags: