Россия ба мақомоти гумруки Тоҷикистон воситаҳои нақлиёт тақдим намуд

Масъалаҳои таҳкими ҳамкории гумрукӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳуруии  Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов баррасӣ гардиданд. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот ҳамчунин иҷрои қарорҳои қабулгардидаи Протоколи мулоқоти миёни роҳбарони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Россия аз соли 2015 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин росто, дар доираи санади мазкур бо иштироки ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар марсоими тантанавӣ 4 адад воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ба Ҳукумати Федератсияи Россия барои  ироаи кумаки техникӣ миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки дар омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи гумрук дар заминаи Академияи гумруки Россия барои таъмини захираҳои кадрии Хадамоти гумруки Тоҷикистон  ҳамкории самарабахш ба роҳ монда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар соли гузашта ва се моҳи соли равон кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон  дар амалиёти «СМАРТ КЭТ 2», «Буревестник», «ПЕГАС», «ИРЭН 2», «Internet Trade», «Офсайд», «Часовой-2017», «Гамма», «Лэзербэк», «Трасса», «Афина», «Фокс», «Космо2», «Гроза» ва «Голкипер» иштирок намудаанд.

Ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ҳадяи Ҳукумати Россияро ба мақомоти гумруки Тоҷикистон тавсеаи ҳамкорӣ ва дӯстии ду давлат арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки дар оянда ҳамкории анъанавӣ ва самарабахши Тоҷикистону Россия беш аз пеш густариш хоҳад ёфт.

АМИТ "Ховар"