Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабари сомонаҳои интернетии «Pressa.tj» ва «Азия плюс»- ро дар мавриди фавти 3 нафар беасос хонд

Хабари фавти се шаҳрванд аз ҷониби сомонаҳои интернетии «Pressa.tj», «Азия плюс» ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки  гӯё 23 апрел дар  Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе, мавсум ба  «Якум Советский»  бар асари  бемории пневмония  аз олам даргузаштанд, комилан беасос мебошад.  Дар ин бора  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба зикри  муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, ӯ вобаста ба марги ин се нафар бо хабарнигори «Prеssa.tj» суҳбате анҷом надодааст.

«Дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори «Prеssa.tj» мо танҳо дар бораи сабабҳои фавти 4 нафар дар Маркази саломатии №1 дар Душанбе, ки 22 апрел сурат гирифта буд, гуфтугӯ доштем. Вале аз чӣ бошад, ки хабарнигор чун тарошаи аз бом афтода ҳодисаи дирӯзаро бо имрӯза рабт дода, онро бемасъулиятона ва берун аз меъёрҳои ахлоқии касбӣ дар сомона ҷой додааст», — мегӯяд Саида Умарзода.

Зимни суҳбати телефонӣ сардабири сомонаи мазкур Шариф Ҳамдампур низ ба маркази матбуоти Вазорат хабар дод, ки ҳангоми омода намудани мавод саҳв рафтааст ва онро ислоҳ хоҳанд кард.

Бояд гуфт, хабару гузоришҳои бесалоҳиятона ва орӣ аз масъулияти касбӣ, ки вақтҳои охир чӣ дар расонаҳои чопӣ ва чӣ дар сомонаҳои интернетӣ аз ҷониби хабарнигорон нашр ва пахш мегарданд, нигаронии шадиди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён овардааст. Зеро ин ҳолатҳо бори аввал набуда, қабл аз ин аз ҷониби  бархе расонаҳо, афроди алоҳида ва шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба фавти шаҳрвандон хабарҳои бардурӯғ паҳн гардида буданд, ки Вазорат оид ба ин масъала баёнияи иттилоотӣ ба нашр расонида буд.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он изҳори таассуф менамояд, ки хабарнигорон ва гузоришгарон ҷои он ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ва барои миллат тақдирсоз мардумро ба оромӣ ва риояи ҳатмии роҳу усулҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз қабили истифода аз усулҳои ҳатмии воситаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла тарзи истифодаи ниқоб, спрейҳо ва дигар маҳлулҳои безараргардонӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, масалан, чӣ гуна шустани дастон, тозаву тамиз нигоҳ доштани манзили зист, ҳуҷраҳои корӣ ва ғайра даъват намоянд, баръакс, аз рӯи эҳсосот бо ҳангомасозии бе далел мардумро ба  шӯру валвала оварда, дар дили онҳо на танҳо тарсу ҳарос, инчунин нобоварӣ ба Ҳукумат ва вазоратро, новобаста ба талошу такопӯ ва заҳматҳои шабонарӯзии табибон ва кормандони санитариву эпидемиологӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус ҷой менамоянд.

Кор то ба ҷое расидааст, ки ҳатто чораҳои пешгирӣ аз коронавирус низ дар ниҳоди баъзе расонаҳову гурӯҳҳои алоҳида  мавриди шубҳа қарор гирифта, ба мавзӯи хабарсози расонаҳо табдил ёфтааст.

Чунин нодида гирифтанҳо ва нарасидан ба қадри талошҳои шабонарӯзии кормандони  соҳаи тандурустӣ аз ҷониби баъзе расонаҳо ва журналистон ахиран Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин хулоса овардааст, ки минбаъд ҳар расона,  афроди алоҳида ва хабарнигореро, ки маълумоти носанҷидаву бардурӯғро дар байни аҳолӣ оид ба пайдоиш ва ё хурӯҷи коронавирус паҳн менамояд, ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: