8 январ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нахустнамоиши филми «Номус» доир гардид. Филми мазкурро донишҷӯи курси 4-уми кафедраи режиссура ва продюссерии факултаи фарҳангшиносӣ Сайфиддин Наврӯзов аз рӯи асари Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб ба навор гирифтааст.
Тавре аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, филми «Номус» 45 дақиқа буда, дар 15 рӯз ба навор гирифта шудааст.
Дар филми мазкур насли бонангу номуси миллати тоҷик ва дорои иродаи устувор бо беҳтарин хислатҳои инсонӣ таҷассум гардидааст.
Мақсади банаворгирии филми «Номус»- ин ба ростқавлию росткорӣ ва поквиҷдонӣ даъват намудани насли наврас ва калонсолон мебошад.
Муаллифи асар Муҳаммад Ғоиб зикр намуд, ки дастовард ва комёбиҳои ҳар як донишҷӯ аз натиҷаи кӯшишу заҳмати омӯзгорони донишкада вобаста аст. Имрӯз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи рӯзноманигори телевизион, театр ва кино ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
АМИТ «Ховар»