Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз анборҳои махсуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии фарматсевтӣ ва молҳои тиббӣ» дидан намуд

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 1 июн аз анборҳои махсуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии фарматсевтӣ ва молҳои тиббӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дидан намуд. Дар ин бора  аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки дар анборҳои муассисаи мазкур кумаки башардӯстонае, ки ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави Covid–19 аз ҷониби Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 35 ташкилоту ширкатҳо ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, мавҷуд буда, дар маҷмӯъ 340 номгӯй маводи муҳофизатӣ, безараркунанда ва лабораториро дар бар мегиранд.

Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки то кунун қисми зиёди маводи зикршуда ҷиҳати таъмин намудани шароити мусоид ба табибон ва  нафароне, ки бо карантини муваққатӣ фаро гирифта шудаанд ва инчунин  бемороне, ки дар муассисаҳои табобатӣ таҳти муолиҷа қарор доранд, тақсим карда шудаанд.

Инчунин маводи тиббӣ ба як зумра муассисаҳои табобатӣ ва осоишгоҳҳо дастрас гардида, минбаъд низ тибқи талабот маводи боқимонда ба муассисаҳои табобатӣ тақсим карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: