5 май аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як захмии даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзи 29 апрел кумакпулиҳо супорида шуданд. Дар маҷмӯъ, ба 87 нафар сокиноне, ки дар натиҷаи даргириҳо захмҳои гуногун бардоштаанд, аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ расонида шуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, баҳри барқарорсозии саломатии сокинон мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз маркази вилоят ва шаҳри Исфара ҷалб гардида, беморон бо дорувории зарурӣ ва хӯроки гарм пурра таъмин мебошанд.
«Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ва Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, захмиёнро аёдат намуд ва зимни супоридани кумакпулиҳо иброз дошт, ки давлату Ҳукумат барои табобати пурраи онҳо шароити зарурӣ фароҳам меоварад. Раҷаббой Аҳмадзода бо беморон суҳбат карда, иброз дошт, ки роҳбарияти мамлакат барои пурра шифо ёфтани захмиён аз тамоми имконият истифода менамояд»,- афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки барои ёрӣ ба оилаҳои ҳалокшуда ва захмбардоштагон 3 миллион сомонӣ кумакпулиҳо ҷудо гардидаанд.
АМИТ «Ховар»