Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши кишоварзӣ ва гармхонаи Хоҷагии деҳқонии «Исматулло» дар ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуданд

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчунин аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия ва гармхонаи Хоҷагии деҳқонии «Исматулло» дар деҳаи Кӯктоши Деҳоти Чоргултеппа дидан намуданд.

Аҳли заҳмати ноҳияи Рӯдакӣ наздики 30 навъи маҳсулоти гуногуни кишоварзиро, ки ҳамасола дар заминҳои зархези ин ноҳия бо истифода аз имконоту шароити мавҷуда бо усули замонавӣ парвариш карда мешавад, ба намоиш гузоштанд.

Тавре таъкид гардид, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ 5031 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки ҳамасола бо истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.

Дар намоишгоҳ намунаҳо аз маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, карам, гулкарам, боимҷон, булғорӣ, лаблабуи сурх, турб, шалғам, каду, бодиринг, помидор, себ, нок, шафтолу, ангур, тарбузу харбуза ва ғайраро ба маъраз гузоштанд.

Пешниҳоди анвои гуногуни ангур дар ду пирамида ва тарбузу харбуза бо шакли хос дар намоишгоҳ хеле ҷолибу диданӣ буд.

Кишоварзони ин ноҳияи аграрии мамлакат соли равон дар кишти баҳорӣ дар майдони 4 ҳазору 371 гектар ғалладонагӣ, 3 ҳазору 31 гектар зироати техникӣ, 675 гектар картоша, 853 гектар сабзавот, 52 гектар полезӣ ва дар маҷмӯъ дар 10 ҳазор гектар анвои гуногуни зироат кишт намудаанд ва ба маблағи 379 миллиону 433 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ иттилоъ дода шуд, ки ба боғу токпарварӣ низ дар ноҳияи Рӯдакӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад ва аҳли заҳмат ҳамасола бо афзун намудани масоҳати боғот ҳаҷми истеҳсоли меваҳои шаҳдбори ватаниро зиёд мекунанд.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии ноҳияи Рӯдакӣ соли равон 38,3 гектар боғи нави дарахтони тухмдору донакдор ва 2,5 гектар токзори нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 4 гектар зиёд мебошад.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ ба рушди соҳаи занбӯрпарварӣ низ таваҷҷуҳ зиёд аст ва сол то сол бо афзун намудани шумораи оилаҳои занбӯр ҳаҷми истеҳсоли асали табиӣ афзун мегардад.

Зимни боздиди Сарвари давлат аз гӯшаи дастранҷи занбӯрпарварон таъкид гардид, ки феълан шумораи оилаҳои занбӯр дар ноҳия ба 2965 адад мерасад.

Занбӯрпарварони ноҳия соли равон 22 тонна асал ба даст овардаанд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.

Дар намоишгоҳ кормандони хоҷагии ҷангал низ намунаи гулу гиёҳҳои шифобахшро ба тамошо гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид барои ҳифзи олами бойю рангини табиати диёр ва ҷамъоварии бомавриди гиёҳҳои шифобахш ба масъулин дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Барои коркард ва бастубанди гулу гиёҳҳои ватанӣ бунёди коргоҳҳои соҳавӣ дар ин ноҳияи калону сераҳолии мамлакат ба манфиат дониста шуд.

Дар намоишгоҳ парандапарварони ноҳия низ дастовардҳои худро ба маъраз гузоштанд.

Парандапарварони ноҳияи Рӯдакӣ сол то сол саршумори мурғро зиёд намуда, дар таъмини бозори дохилӣ бо гӯшту тухми босифати ватанӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Таъкид гардид, ки феълан саршумори паранда дар ноҳия ба 236 ҳазор мерасад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо парандапарварон ҷиҳати боз ҳам афзун намудани саршумори мурғ ва боло бурдани ҳаҷми истеҳсоли гӯшту тухм маслиҳатҳои судманд доданд.

Кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ дар таъсиси гармхонаҳои доимоамалкунанда низ таҷрибаи ғанӣ дошта, барои таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ дар ҳама фаслҳои сол аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода мебаранд.

Ҳангоми боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи Хоҷагии деҳқонии «Исматулло», ки феълан дар он парвариши бодиринг бо усули замонавӣ ба роҳ монда шудааст, иттилоъ доданд, ки масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда дар ноҳияи Рӯдакӣ дар маҷмӯъ 20 гектарро ташкил медиҳад.

Хоҷагии деҳқонии «Исматулло» соли 2018 дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуманнаб Ҳусанов дар майдони 4 гектар таъсис ёфта, аҳли заҳмати он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти гуногун саҳми назаррас мегузоранд.

Дар хоҷагӣ бо истифода аз технологияи нав дар майдони 1 гектар барои парвариши сабзавоти гуногун, аз ҷумла бодирингу помидор гармхона ташкил гардидааст, ки дар он 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб мебошанд.

Мақсади асосии хоҷагидорон дар ҳамаи фаслҳои сол бо сабзавоти тару тоза таъмин кардани аҳолии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе мебошад.

Соли равон дар гармхона дар ду мавсим 25 ҳазор ниҳоли помидор ва наздики 27 ҳазор ниҳоли бодиринг шинонида шуда, дар мавсими аввал аз майдони 1 гектар гармхона 74 тонна помидор истеҳсол ва аз ин ҳисоб 407 ҳазор сомонӣ даромад ба даст омадааст.

Хоҷагидорон дар мавсими дуюм аз парвариши бодиринг то имрӯз зиёда аз 80 тонна маҳсулот гирифтаанд ва умед доранд, ки боз дар ҳамин ҳаҷм маҳсулот ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ намоянд.

Нигоҳубин ва парвариши бодиринг дар хоҷагӣ бо усули замонавӣ ба роҳ монда шуда, хоҷагидорон барои обдиҳии зироат аз усули қатрагӣ кор мегиранд.

Барои гарм кардани гармхона аз ангишт истифода бурда мешавад ва талабот дар як сол ба ин намуди сӯзишворӣ дар хоҷагӣ 300-350 тоннаро ташкил медиҳад.

Ба гуфти хоҷагидорон истифодаи технологияи муосир дар гармхона омили муҳими боло бурдани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мебошад.

Ҳаводиҳӣ ва ҳавотозакунии дохилӣ гармхона ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо рафти ҳосилбандии ниҳолони бодиринг дар ин гармхона таҷрибаи кишоварзони ноҳияи Рӯдакиро дар самти ташкили гармхонаҳо намунаи ибрат арзёбӣ намуда, барои зиёд кардани масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда ва ба ин васила таъмини фаровонии бозори дохилӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: