22 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи ҷаласаи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин якчанд мулоқоти судманд анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
22 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи махсуси ИМА барои сулҳи Афғонистон Залмай Халилзод дар атрофи мавзӯи амнияти минтақавӣ ва раванди сулҳ дар Афғонистони ҳамсоя мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин 22 сентябр Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири супоришҳои махсуси ИМА роҷеъ ба масъалаҳои озодии дин Самуел Браунбек мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар мавриди масъалаҳои вобаста ба озодии дин, инчунин ҳамкорӣ миёни мақомоти ду давлат дар самти мазкур мубодилаи афкор намуданд.
АМИТ «Ховар»