Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани садҳо мардуми осоишта бар асари ҳамлаи золимона ба яке аз масҷидҳо дар шимоли нимҷазираи Сино боиси андӯҳ ва нафрати беандозаи мо гардид.
Мо ин амали бераҳмона ва ғайриинсонии нерӯҳои аҳриманро қатъиян маҳкум менамоем ва бар онем, ки воқеияти имрӯза муттаҳидии талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштараку беамон бо терроризми байналмилалӣ ва ҳамагуна зуҳуроти ифротгароӣ тақозо менамояд.
Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Миср изҳор намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».