3 ва 4 июни соли равон дар шаҳри Бишкек дастаи мунтахаби то 20 солаи Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2019 ду бозии рафиқонаро бо тими мунтахаби миллии Қирғизистон баргузор менамояд.
Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2019, ки 14-22 июни соли равон дар шаҳри Табрези Эрон доир мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби футзали Япония ва Ветнам рақобат мекунад.
АМИТ «Ховар»