Ду нафар кормандони муассисаи зертобеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сохтакории ҳуҷҷат ва азхудкунии маблағҳо гунаҳгор дониста мешаванд, дастгир гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, сармуҳосиби Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироати кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»-и Вазорати кишоварзӣ Мавлуда Қушоқова бо маслиҳати пешакӣ бо муҳосиби муассисаи мазкур Манижа Маҳмадшоева аз моҳи январи соли 2017 то майи соли 2019 ба санадҳои расмӣ маълумоти бардурӯғ ворид ва варақаҳои музди меҳнати электрониро сохаткорӣ намудаанд.
«Номбурдагон бо ин роҳ музди маош ҳисоб карда, дар якчанд ҳолат зиёда аз 96 ҳазору 400 сомониро азхуд ва ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд», — афзуд манбаъ.
25 июни соли равон нисбат ба Қушоқова М.С. ва Маҳмадшоева М.В. бо моддаҳои 245 қисми 3 банди «а» ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Зимнан, чанде қабл Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода зимни нишасти матбуотӣ соҳаҳоеро номбар кард, ки дар онҳо ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Мавсуф аз ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нақлиёт, муҳоҷират, молия, саноат ва технологияҳои нав ёдовар шуда, шумораи онро дар соҳаи кишоварзӣ 24 адад гуфт.
Дар Тоҷикистон ба масъалаи мубориза бо коррупсия диққати махсус зоҳир карда мешавад. Татбиқи Стратегияи миллии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва пурзӯр намудани заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ нисбат ба ин зуҳурот аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи моддаи 245- и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ки ба гунаҳгор бовар карда супурда шудааст ё дар ихтиёри ў мебошад, ҷазо дар намуди ҷарима ва озод намудан аз озодӣ пешбинӣ мегардад.
Сохтакории хизматӣ дар моддаи 323-и Кодекси мазкур дарҷ гардида, ба нафаре, ки ба асноди расмӣ дидаю дониста маълумоти бардурўғ дохил менамояд, ҷазо дар намуди ҷарима ва маҳрум намудан аз озодӣ пешбинӣ менамояд.
«Ҳамчунин ба асноди зикршуда ворид намудани ислоҳоте, ки мазмуни аслии онро таҳриф мекунад ё дидаю дониста додани ҳуҷҷатҳои бардуруғ ё қалбакӣ, агар ин кирдор бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиатдории шахсӣ содир шуда бошад, — бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад», — омадааст дар моддаи 323-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 55 сомонӣ муқаррар гардидааст.
АМИТ «Ховар»