Дар деҳаи Гули сурхи шаҳри Роғун хирсбачаи 5-моҳаро наҷот доданд

Кормандони  шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун дар асоси  хабари фаврии сокинони деҳаи  Гули сурхи Ҷамоати деҳоти Қади об як хирсбачаи тахминан 5-моҳаро, ки дар симтӯрҳои боғи хоҷагии деҳқонии «Зиёрат» дар монда буд, наҷот доданд.

Мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун  Акобир Ҳасанов гуфт, ки «барои наҷот додани хирсбача модараш монеа мешуд ва ба наҷотдиҳандагон ҳамла мекард. Аз ин сабаб мо зиёда аз 15 нафар  сокинон ва кормандони шуъбаро барои таъмини амнияти саломатии наҷотдиҳандагон дар атрофи хирсбача навбатдор мондем. Як гурӯҳи дигар хирсбачаро аз симхорҳо  озод намуда,  ба назди модараш ба ҷангал равон карданд».

Хирс аз оилаи ширхӯрҳо буда, ҳайвони бузургҷуса мебошад. Макони асосии зиндагии хирсҳо  кишварҳои нисбатан салқин буда, дар биёбону кишварҳои тафсон зиндагӣ намекунанд. Муҳити минтақаҳои  кӯҳистони Тоҷикистон барои зиндагии хирсҳо мувофиқ буда, он боигарии табиати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

АМИТ «Ховар»

Tags: