Масоили ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Душанбе зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо Сафири тозаинтихоби фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кийтуметси С.Т. Мэттюс баррасӣ гардид. Шариф Саид зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ дорои мавқеи хуби ҷуғрофӣ буда, 93%-и масоҳати умумии кишварамонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Дар ин росто, Тоҷикистон аз лиҳози канданиҳои фоиданок кишвари бой маҳсуб меёбад. Алҳол таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди саноати кишвар ба воридоти таҷҳизоту технологияҳои муосир барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, мошинсозӣ, дорусозӣ, истихроҷ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо нигаронида шудааст.
Хонум Кийтуметси С.Т. Мэттюс таъкид кард, ки Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ низ дорои иқтидори бузурги парвариш ва содироти мева ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ хеле рушд ёфтааст. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бо назардошти имкониятҳои хуби мавҷуда дар бахши кишоварзӣ имкон доранд дар оянда дар ин соҳа ҳамкории самарабахш ба роҳ монанд.
Дипломати Африқои Ҷанубӣ зикр кард, ки ин мулоқот дар рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии кишварҳоямон қадами муассир мебошад.
АМИТ "Ховар"