6 августи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.
Тавре аз дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум мутобиқи моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаи таъйини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
АМИТ «Ховар»