Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор мегардад

16-уми сентябри соли 2016 дар шаҳри Бишкек ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад. Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов муаррифӣ менамояд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ, вазирони корҳои хориҷӣ 14 лоиҳаи ҳуҷҷатҳоеро, ки ба тавсеа ва таъмиқи ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ИДМ равона шудаанд, баррасӣ менамоянд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки лоиҳаҳои изҳороти сарони давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар робита бо 25- солагии Иттиҳод ва 70-солагии анҷоми кори суди Нюрнберг ба тасвиб расанд.
Дар ҷаласа як қатор тадбирҳои ташкилӣ ва амалии мутобиқшавии ИДМ ба воқеияти муосир дар доираи баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти оинномавӣ ва соҳавии Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Як зумра ҳуҷҷатҳои ба баррасии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ вогузошта, ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ равона шудаанд. Дар назар аст, ки дар ин самт чорабиниҳои афзалиятнок барои дарозмуддат ба нақша гирифта шаванд. Ҳамчунин маъалаҳои эълони соли 2017- Соли оила ва соли 2018 — Соли фарҳанг дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баррасии лоиҳаи ҳуҷҷат оид ба татбиқи барномаи байнидавлатии «пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» дар соли 2017 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар назар дошта шудааст.
Рӯзномаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ як қатор масъалаҳои муҳимро, ки бар таъмини амният ва мубориза бар зидди ҳушдорҳо ва таҳдидҳои нав равона шудааст, дар бар мегирад. Дар байни онҳо — лоиҳаи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи ҳамкории сарҳадӣ ва сохторҳои дигар барои кумак ҳангоми сар задани буҳрони идоракунӣ дар марзҳои берунии Иттиҳод, ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастрӣ ва пармасозии фосилавии Замин, инчунин мубориза бар зидди ҷиноятҳои содиршуда ба воситаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ мебошанд.
Иштирокчиёни ҷаласа сана ва маҳалли гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ- ро муайян хоҳанд кард.

АМИТ «Ховар»

Tags: