Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст.
Имрӯз, 19 март дар вилояти Суғд ҳаво абрноки бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, ҳарорат шабона 10-12 ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ Ховар