Соли 2020 тантанаҳои идонаи ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ доир мегарданд

Мардуми тоҷик ҷашни фархундаи миллат – Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамасола ҳамчун муқаддастарин дастоварди таърихи навини худ бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ таҷлил менамояд. Тантанаҳои идонаи ҷумҳурияии Рӯзи Ваҳдати миллӣ соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ доир хоҳанд шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иброз намуданд, бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди мазкур дар ноҳия корҳои ободониву созандагӣ тақвият ёфта, сохтмони даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад.

Дар робита ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ситоди вилоятӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ оид ба ҷараёни омодагиҳо ба таҷлили шоистаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ гузориш дода, зикр кард, ки дар ноҳия бунёди як зумра иншоот, аз ҷумла қасри фарҳанг, варзишгоҳи марказӣ, мактабу кӯдакистон, меҳмонхонаву биноҳои истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва амсоли ин идома дорад. Тибқи нақша, дар рӯзҳои таҷлили иди Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар маҷмӯъ 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Таъкид гардид, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар ноҳия қариб 200 иншооти гуногун сохта мешаванд.

Баробари мавриди истифода қарор гирифтани онҳо даҳҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, симои шаҳраку деҳот ва маркази ноҳия боз ҳам зебо хоҳад шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: