Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Муовини аввали раиси Кумита Муҳаммадшариф Бобошозода зикр кард, ки Кумита дар шаш моҳи соли 2018 аз рӯйдодҳои муҳими мамлакат, чорабиниҳои сатҳи баланд, сафару мулоқотҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 1330 дақиқа хабару гузоришҳои мустақим пахш намудааст. Дар ин давра ҳамчунин шабакаҳои телевизион ва радио дар ҳаҷми 8700 соат ба таври мустақим барномаҳои гуногунжанр пахш намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1000 соат зиёд аст.
«Бо мақсади дар сатҳи баланд таҳияву пешниҳод намудани барномаҳои калонҳаҷм, филмҳои мустанад ва ҳуҷҷатӣ дар Кумита Шӯрои бадеӣ амад мекунад. Шӯрои мазкур сенарияҳои барномаҳои мазкурро қабл аз наворбардорӣ мавриди таҳлилу омӯзиш ва баррасӣ қарор медиҳад», — афзуд номбурда.
Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, дар ҷумҳурӣ дар айни замон 76 ташкилоти телевизионӣ ва радиоӣ, аз ҷумла, 13 телевизиони давлатӣ, 32 телевизиони ғайридавлатӣ, 10 радиои давлатӣ ва 21 радиои ғайридавлатӣ фаъолият доранд.
«Яке аз талаботи замони муосир- ин гузаштан ба пахши рақамии телевизион ва радио мебошад. Дар ин самт корҳо бомаром идома дошта, фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамӣ сол аз сол меафзояд. Фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои давлатии 6 шабакаи телевизионӣ ба 60,41 % -ро баробар аст. Ин рақам бо пахши аналогӣ чунин аст: «Телевизиони Тоҷикистон» -99, 72%, «Телевизиони Сафина» 92, 7%, «Ҷаҳоннамо» -78, 96%, «Баҳористон»-89, 01%. Фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии радио дар мавҷи FМ — Радиои Тоҷикистон -85, 32%, «Овози тоҷик» -55, 13 %, «Садои Душанбе»- 63, 46 % ва «Фарҳанг» -59% аст», — гуфта шуд дар нишасти хабарӣ.
АМИТ «Ховар»