Нашриёти «Истеъдод» китоби Рафоати Абдусалом, аввалин наттоқи Телевизиони Тоҷикистонро бо номи «Телевизион ва психологияи инсон» аз чоп баровард.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, китоб бо сифати баланд ба нашр расида, барои алоқамандони телевизион, рўзноманигорони садову симо ва донишҷӯён туҳфаи арзанда мебошад.
Китоби мазкур аз пешгуфтор ва чор боб иборат буда, муаллиф доир ба таърих ва ташаккулёбии Телевизиони Тоҷикистон дар солҳои аввали таъсисёбиаш ба хонандагон маълумоти мукаммал пешниҳод намудааст. Ҳамзамон, дар ин китоб доир ба шахсияти журналист, забони журналистика ва жанрҳои публитсистӣ ибрози назар шуда, мааллиф баъзе афкори худро барои ҷалби диққати хонанда бо аксҳо баён намудааст.
АМИТ "Ховар"