20.04.2021 ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда” баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии кумита, роҳбарони сохторҳои кумита, аз ҷумла роҳбарияти радиову телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуданд.
Нахуст маърӯзаи муовини аввали раиси кумита Субҳиддин Шамсиддинзода оид ба натиҷаҳои семоҳаи самтҳои асосии фаъолияти кумита шунида шуд. Таъкид гардид, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати итттилоотии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат, тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши назаррас мегузорад.
Сипас Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид самтҳои асосии фаъолияти сохторҳоро мавриди муҳокима қарор дода, таъкид намуд, ки сол аз сол афзоиш ёфтани теъдоди радио ва телевизионҳо дар мамлакат ифодаи таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ин ғамхориҳо дар навбати худ аз мо масъулияти бештар тақозо менамояд. Бо дарназардошти истиқболи сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси босифату саривақтии ҷорабиниҳо бахшида ба ин санаи таърихӣ, раиси кумита ҷиҳати беҳдошти фаъолият ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар анҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарори дахлдори ҳайати мушовара қабул гардид.