Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Радиои Тоҷикистон нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.
Дар оғоз раиси Кумита Маҳмадсаид Шоҳиён тамоми ҳозирон - бо шумули кормандони Кумита ва намояндагони ВАО – ро хайрамақдам гуфта, омодагии худро барои посух гуфтан ба саволҳои рӯзноманигорон изҳор намуд.
Раиси Кумита дар суханронии муқаддамотии худ гуфт: «Фаъолияти кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораву муассисаҳои зерсохтори он дар соли 2017 дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифта, баҳри амалӣ шудани барномаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар равона гардидаанд. Бахусус, шабакаҳои давлатии телевизион ва радио дар инъикоси рўйдодҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии мамлакат саҳм гузоштанд».
Сипас Раиси Кумита Маҳмадсаид Шоҳиён дар назди ҳозирин аз фаъолияти тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ва дигар зерсохторҳои Кумита ҳисоботи муфассал дод.