Маросими ҷоизасупорӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрўз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба як идда кормандони Кумита, ки бо мукофотҳои давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён ифтитоҳ намуда, шахсонеро, ки аз ҷониби Пешвои миллат  бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд, табрик намуданд.

Сипас, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Шарифҷон Ҳакимзода фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи сарфароз гардонидани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо ба истиқболи 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қират намуда, таъкид кард, ки се корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сармуҳаррири шабакаи «Овози тоҷик»-и Радиои Тоҷикистон Нурзода Санавбар бо медали Хизмати Шоиста, артист (вокалист) овозхони ансамбли давлатии «Фалак» Раҳимова Матлуба ва муовини директор оид ба корҳои техникии Муассисаи давлатии «Варзиш» Оқилов Маъруфҷон бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар интиҳои маросими ҷоизасупорӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Шарифҷон Ҳакимзода ва Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён бори дигар ҳозирин ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд, табрику таҳният гуфтанд.