Дар шароити буҳронӣ гардидани вазъи ҷаҳони муосир маҳз Наврӯз метавонад ҳамчун ойини сулҳу оромӣ, ҳамкориву дӯстӣ ва пойдор нигоҳ доштани суннату анъанаҳои миллии мардумони кишвари ҳавзаи Наврӯз хизмат намояд. Зеро дунёи имрӯза беш аз ҳар вақти дигар ба суботу оромӣ, рӯзгори бе хушунат ва зиндагии осуда ниёз дорад. Дар ин росто нақши ҷашни Наврӯз барои муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳангу тамаддуни башарӣ хеле муҳим дониста мешавад. Ин матлабро ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маҳмадулло Раҷабзода зимни намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз», ки дар Донишкадаи мазкур доир гардид, баён дошт.
Тавре аз Донишкада иттилоъ доданд, дар ҷамъомад маҳсули дастони муъҷизаофари ҳунармандони гулдаст, аз қабили гулдӯзиҳои рангоранг, болишту кӯрпачаҳо, гилем, сабад, гаҳвора ва маҳсулоти кулолгарон, оҳангарон ва наҷҷорон ба маъраз гузошта шуд.
Зимни конференсия аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки кӯшиши худро барои тарғиби мавзеъҳои зебо ва ҷалби сайёҳон ба ҷумҳурӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи ҳунарҳои азбайнрафта равона созанд.
АМИТ "Ховар"