Ба муносибати фарорасии Наврӯзи хуҷастапай ва дар доираи Соли ҷавонон сарбозоне, ки аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дар пойтахти мамлакат адои хизмат менамоянд, аёдат карда шуданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, ин иқдом аз ҷониби Комил Салимзода, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов роҳандозӣ шуда, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Зулола Анварӣ, муовини Раиси ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба шаҳри Душанбе барои шинос шудан бо шароити хизмати сарбозон, аёдат ва супоридани туҳфаҳои раиси ноҳия омаданд.
Дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Душанбе 48 нафар ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов хизмат менамоянд. Гурӯҳи корӣ ба қисми ҳарбии 051052-и Гвардияи миллӣ, қисмҳои ҳарбии 08010, 06870, 10040 ва 02615 сафар намуда, бо шароити зисти сарбозон шинос гардида, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуд.