Бахшида ба фарорасии Наврӯзи байналмилалии фархундапай дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад дастархони тоҷикӣ бо ҳафтсину ҳафтшин ороста шуда, намунаҳои санъат аз гулдӯзӣ, гилкорӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, аксҳо аз минтақаҳои сайёҳии кишвар барои тамошобинон ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш ба тамошобинон таомҳо ва шириниҳои миллии тоҷикӣ пешкаш гардиданд.
Дар ҷашни Наврӯзи Сафорат Мушовири Девони Амирӣ Муҳаммад Абдуллоҳ Абулҳасан, муовини Вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат оид ба масъалаҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Саид, ҳайати дипломатии кишвари иқомат, намояндагони илму адаб, вазорату идораҳо, аҳли фарҳанг, рӯзноманигорон ва шаҳрвандони тоҷики муқими Кувайт иштирок доштанд.
АМИТ «Ховар»