Барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил кардани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ имрӯзҳо занони ҳунарманди ноҳияи Ашт ба ҳунарҳои мардумӣ- кашидадӯзӣ ва гулдӯзӣ машғуланд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.
Зимни чунин як машғулият занони ҳунарманди ноҳия гуфтанд, ки «Наврӯз ҷашни аҷдодии тоҷикон аст ва расму оинҳои ба худ хос дорад. Яке аз суннатҳои наврӯзӣ дар як хона ҷамъ омадани занону духтарон ва ба дӯзандагӣ машғул шудани онҳост. Мо низ барои хубу хотирмон пешвоз гирифтани Наврӯз омодагӣ мебинем».
Обода Ашурова, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ноҳия мегӯяд, дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз якчанд зани солхӯрдаи ноҳияро аëдат кардаанд ва занони солхӯрда барои ободии диёр ва пойдории сулҳу субот дар кишвар дуои нек гуфтаанд.
АМИТ «Ховар»