Ансамбли созҳои миллии шаҳри Хуҷанд дар Тошканд сазовори ҷои дуюм шуд

Дар интиҳои моҳи марти соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон озмуни байналмиллалии ансамбл ва оркестрҳои бисёровоза бо номи «Наврӯз садолари» баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри хабар доданд, дар озмуни мазкур ансамбли созҳои милли мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ширкат намуд.
Ҳайати ансамбл аз омӯзгорон Замира Ҷӯраева-роҳбари ансамбл, Дилшод Ҳамроқулов бо дутор-бас ва шогирдони онҳо Муҳаммадҷон Иброҳимов бо сози дойра, Муҳаммадзоҳир Муҳаммадҷонов бо сози най ва Исмоилҷон Азизов бо сози дутор иборат буд.
Дар озмун, ки дар Консерваторияи миллии Ӯзбекистон багузор шуд, ансамбли созҳои миллии Мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои дуюм гардид.

Манбаъ: АМИТ"ХОВАР"