Манзараҳои дилфиребу назаррабои атрофи кӯлҳои Ҷувозак, Темурдара ва кӯли Париён, обҳои шифобахши чашмаҳои хоҷа Ҳасан ва Моҳиён, минтақаҳои истироҳатии замонавии дар соҳили дарёи Қаратоғ ҷойгирифта, бешубҳа, мақбули сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор хоҳанд гардид. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шаҳринав Нусратулло Аюбзода ба хабарнигорон баён намуд.
Тибқи иттилои раиси ноҳия, соли сипаришуда кишоварзон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 20 ҳазору 654 тонна ғалладона, 800 тонна пахта, 726 тонна зағир ва маъсар, 4 ҳазору 644 тонна картошка ва 57 ҳазору 741 тонна сабзавот истеҳсол карданд, ки нисбат ба солҳои гузашта зиёд аст.
Айни ҳол дар ноҳия теъдоди оилаҳои занбӯри асал 3 ҳазору 312 ададро ташкил медиҳад. Чорводорони ноҳияи Шаҳринав барои рушди соҳаи чорводорӣ ва хушзоткунии саршумори чорво бештар саъю кӯшиш доранд.
Тавре раиси ноҳия иброз дошт, имрӯзҳо сокинони ноҳия дар корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва ниҳолшинонӣ саҳми арзанда мегузоранд. Сокинони ноҳия ба корҳои хайр даст зада, ба ятимону бепарасторон пайваста кумак мерасонанд. Аз ҷумла, барои таъмири Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим аз ҷониби соҳибкорон ва дигар ашхоси саховатпеша беш аз 100 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд.
Ба наздикӣ бо ибтикори як нафар соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳия бозори замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар дохили бозор ду сардхона бо ғунҷоиши 300 тонна маҳсулот сохта шудааст. Ҳамчунин дар ин ҷо 13 мағоза, 6 нуқтаи хизматрасонӣ, 2 толори дӯзандагӣ, 1 тарабхона ва 40 ҷойи хариду фурӯши маҳсулот бунёд карда шуд. Бозори мазкур зиёда аз 160 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуд.
АМИТ "Ховар"