Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба ҷашни 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон баргузор гардид.
Чорабинии мазкур теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷикро аз зиёда аз 20 мактаби олии Федератсияи Россия ва дигар ҷавонони фаъоли кишварамонро, ки айни ҳол дар Россия кору фаъолият карда истодаанд, гирд овард.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов маросими ботантанаро кушода, ҳозиринро бо рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт.
Дар ҷараёни суханронии хеш Имомуддин Сатторов таъкид намуд, ки Конститутсияи кишвар санади тақдирсози миллат буда, ба таҳкими заминаҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷик мусоидат менамояд.
Ҳамчунин сафир диққати ҳозиронро бар он ҷалб намуд, ки Конститутсияи кишвари мо дастоварди бузурги миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро он дар давраи сарнавиштсози миллат аз ҷониби тамоми мардуми Тоҷикистон қабул гардидааст.
Имомуддин Сатторов аз ҷавонони тоҷик даъват ба амал овард, то онҳо ба Конститутсияи кишвар чун ба муқаддасоти миллӣ эҳтиром гузоранд, кӯшишҳояшонро барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат равона созанд, қонунҳои кишварро риоя намоянд ва ҷиҳати баланд бардоштани обрӯи эътибори Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳмгузор бошанд.
Ба иштирокдорони чорабинӣ ҳамчунин филм дар бораи «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон дода шуд.
Дар давоми чорабинӣ аспирантон ва донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Россия дар назди ҳозирин доир ба 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.
АМИТ "Ховар"