Субҳи имрӯз ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо ҳайати бонуфузи соҳибкорону аҳли фарҳанги Санкт-Петербург дар маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Оташи абадӣ дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе иштирок намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, меҳмонон баъди гулгузорӣ тибқи барномаи тарҳрезишуда ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» рафтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин сафар панҷ нафар табибони соҳаҳои гуногуни шаҳри Санкт-Петербург — табиби саратоншинос Нуринисо Абдуллоева, анестезиолог-реаниматологҳо Вячеслав Кулаков ва Артём Шетинин, ҷарроҳи кӯдакона Татяна Патрикева, неонатолог Екатерина Харитонова дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо ҳамкасбони душанбегии худ дар мавзӯи навтарин дастовардҳои илми тиб, истифодаи онҳо дар таҷриба ва дигар масъалаҳои ба он марбут мубодилаи афкор намуда, бо ҳайати профессорону докторони тибби маҷмааи мазкур, табибони беморхона ва марказҳои саломатии шаҳри Душанбе дарсҳои омӯзишӣ баргузор менамоянд. Ба ғайр аз ин табибони санкт-петербургӣ дар ин рӯзҳо қисман ба аҳолии пойтахт кумаку машварати ройгони тиббӣ мерасонанд.
Ҳайати меҳмонон баъди вохӯрӣ дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» аз ёдгории таърихӣ – «Қалъаи Ҳисор» боздид менамоянд.
АМИТ «Ховар»