Барқияи табрикии Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дар иртибот ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо идома дорад.

Дар табрикоту таманиёти Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, чунин омадааст:

“Бо масаррати фаровон, беҳтарин ва самимонатарин маротиби табрикоти қалбии хеш, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба муносибати фарорасии соли 1396 хуршедӣ ба Ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим дошта, мақдами пуртаровати баҳорро бароятон табрик мегӯям.

Таҷлили ҳамагонӣ аз Наврӯз ин амонати баҳорӣ, баёнгари суннатҳои писандида ва фарҳанги бостонии мардуми кишварҳои узви Ҳавзаи Наврӯз буда ва гиромидошти он мазҳари ҳамбастагӣ ва ваҳдати бештар миёни кишварҳо ва мардуми ин ҳавза мебошад. Аз даргоҳи Худованди бузург талабгорам то соле, ки дар пеши рӯ аст, паёмовари беҳрӯзӣ, рифоҳ ва шукуфоии бештари тамоми мардуми кишварҳои узви Ҳавзаи Наврӯз ва ба вежа мардуми бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

Орзӯмандам дар соли пеши рӯ равобити нек ва дӯстонаи мавҷуд миёни Ҷумҳурии Исломии Афгонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама арсаҳо таъмиқ ва густариши бештар ёбад.

Дар фарҷом афзун бар таҳнияти муҷаддади соли нав сиҳат ва муваффақияти Ҷалолатмаоби Шуморо тавъам бо рифоҳ ва тараққии рӯзафзуни мардуми бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргоҳи Худои маннон талаб менамоям”.

www.president.tj