ҶОЙГОҲИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар матни таърихи сиёсии охири садаи ХХ як ҳодисаи ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт буд. Дарку тасаввури ин воқеият роҳбарият ва мардуми ҷумҳуриҳои иттифоқиро лолу ҳайрон гардонид. Маълум буд, ки замони парокандагӣ фаро расидааст. Акнун ҳар ҷумҳурӣ сари танҳо вориди марҳилае гардид, ки дар он масъалаи ноил шудан ба ягонагӣ, якпорча­гӣ ва сарҷамъии воҳидҳои маъмурӣ бе мувозинат ва муносибати якнавохти ҳамаи қишру табақаҳо ба даст намеомад. Як лағзиши ноҷо метавонист кишварро ончунон ба коми даҳшат­бори зиддиятҳои худӣ бикашад, ки барои раҳоӣ ёфтан аз он мардум як муддат бечораву оҷиз мемонанд.

Маълум аст, ки пайдо шудани вазъияти нави сиёсӣ бунёди зерсохтори созгорро тақозо менамояд. Дар оғози истиқло­лият моро сарнавишти душворе насиб гашт. Баробари расидан ба истиқлолият барои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ зарурати таҳкими асосҳои сохтори давлатдории миллӣ, инчунин муайян намудани стратегия ва парадиг­маҳои рушди оянда пеш омад. Дар ин марҳилаи ҳассос барои ҷумҳури­ҳои турктабори Осиёи Миёна ва Озарбойҷон то андозае модели тараққиёти Ҷумҳурии Туркия ҳамчун намунаи пайравӣ пазируфта шуд, ки дар он ба секуляризм, ғарбигароӣ ва ҳамгироии халқҳои туркнажод бартарият дода мешуд. Ба далели пайвандҳои куҳани таърихӣ тоҷикон тамоюл ба олами порсигӯён доштанд, ки онҳоро дар он замон ва то имрӯз ду кишваре намояндагӣ мекарданд, ки худро дар сатҳи расмии байналми­лалӣ бо номи «ҷумҳурии исломӣ» муаррифӣ мекарданд. Мутаас­си­фона, маҳсули таъсиргузории манфии ин тарзи давлатдорӣ ба ҷуз нусхабардо­рии асримиёнагии ақидаҳо, шиорҳо ва ҳадафҳои динию мазҳабӣ чизи дигаре набуд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ бо воқеияти сиёсӣ-иҷтимоӣ, арзишҳои фарҳангии ҷомеаи тоҷикон ва ормонҳои истиқлолиятхоҳии онҳо мутобиқат надошт.

Тасаввури ҷой доштани чунин ҷаҳонбинӣ ва рафторҳои зишт дар ҷомеаи мо дар гузашта ва имрӯз ҳеҷ гунҷоиш на­дорад ва бояд ҳамаҷониба маҳкум мешуд. Агар зуҳури чунин гароиши сиёсӣ иттифоқ афтад, пас бегумон дар он ҳузури таъсиргузории унсури беруна вуҷуд дорад. Бояд ёдовар шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ду раванди асосии қудратхоҳ рӯи кор омад: яке неруи зиёини эҷодкори дунявӣ, ки бар пояи пуштибонӣ аз арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекард; ва дигаре, рӯҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи давлату мусулмонони Тоҷикистон меҳисоби­данд. Дар вазъияти афтодани пардаи оҳанини идеологияи шӯ­ра­­вӣ ин ду неруи сиёсӣ ба зудӣ сарпарастони хориҷӣ пайдо карданд. Хуш­бах­тона, аксари зиёиёни пешқадами тоҷик ғаразҳои сиёсии хоҷагони беруниро ба осонӣ дарк карданд, вале исломгароёни сиёсӣ ба “хидмат” омода будани худро бо ниҳоду неруҳои берунӣ барои расидан ба қудрати сиёсӣ эълон намуданд. Исломгароён бо ин рафтори худ ба ваҳдати миллӣ ва пайвандҳои таърихии миллати тоҷик латмаи ҷонкоҳ ворид намуданд. Ин раванд ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ замина омода карда, тадри­ҷан ба таъсиси ҳизби динӣ оварда расонид. Дар он шароити фарох барои майдонтозии сиёсӣ ин ҳизб ар­зиш­ҳои воло ва муқадда­соти диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ истифода мебурд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи динӣ асоснок мекард, вале тасав­ву­ри бисёрҳиз­бию ҷаҳонбинии дигарро аслан эътироф намекард. Бадбахтона, роҳба­ро­ни ҳизби динӣ тавонистанд ақидаи ботилеро то ба андозае тарғиб намоянд, ки дар оғози истиқлолияти мо як гурӯҳи муайяни шаҳрвандон таъсиси давлати исломиро ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии худ қабул кунанд. Дар натиҷаи сиёси­ку­нонии дину мазҳаб ислом ба унсури монеасози рушди мустақило­наи ҷумҳурии мо мубаддал гашт.

Масъалаи машрӯияти ҳизб ва ҳаракатҳои исломӣ дар асри ХХ аз дидгоҳи фиқҳӣ ба як масъалаи мубрам ва муаммои дохилиисломӣ табдил ёфта буд. Дар иртибот ба вазъи сиёсии ҷумҳурии мо дар оғози истиқло­лият бояд гуфт, ки ҳанӯз то вуруди неруҳои шӯравӣ ҳизбҳои сиёсии исломгаро дар Афғонистон фаъол набуданд, аммо омадани неруҳои шӯравӣ ин ҳизбҳоро ба муқобили душмани ягона – “ашрор” муттаҳид кард. Таъсиси ҳизбу ҳаракатҳо бо истифода аз ном ва шиорҳои исломӣ авҷ гирифт, ки бештар хусусияти қавмӣ ва маҳаллӣ касб карданд. Илова бар ин, рӯҳониён мардумро ба идомаи қиёми мусаллаҳона бар зидди ҳукумати коммунистӣ ташвиқ мекарданд, ки онҳо оқибат поягузор ва асосгузори ҳизбҳои ҷиҳодӣ шуданд. Муждаи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне иттифоқ афтод, ки дар Афғонистони ҳаммарз марҳилаи интиқоли ҳокимияти сиёсӣ ба ихтиёри ҳаракати “Толибон” суръат мегирифт. Дарвоқеъ, солҳои 90-ум назорат дар имтидоди ду соҳили Амударё ниҳоят заиф шуд. Илова бар ин, номуайянӣ дар пешгӯии ояндаи вазъияти Афғонистон ҳамаи бошандагони соҳили болоии ин дарёро сахт ба ташвиш андохта буд.

Вобаста ба вазъияти солҳои 90-ум зикр кардан ба маврид аст, ки пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати муҳоҷирати дохилидавлатиро низ тағйир дод. Намояндагони қавму миллатҳои гуногун, ки дар вилоятҳои паҳновари мамлакати советӣ бо сабабу заруратҳои гуногун муҳоҷир шуда буданд, баробари пайдо шудани фурсати муносиб кӯч бастан ба ватани аҷдодиро оғоз бахшиданд. Дар собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ҳам нахуст олмониҳо ва тоторҳои Қрим, сипас шаҳрвандони русзабони дигар ва дар ниҳояти кор сокинони аз минтақаҳои кӯҳистон ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя барои обод кардани водии Вахш муҳоҷиршуда фирор кардан гирифтанд. Барҳам хӯрдани давлати мута­мар­каз боиси дар як муддати кӯтоҳ беодам шудани минтақаи БАМ, аксари вилоятҳои табиаташ тоқатфарсо ва марказҳои махсуси саноатии ба истилоҳ “такшаҳр” (моногород) гардид, ки аз коҳиш ёфтани таъминот ва зерсохтори зарурӣ барои боқӣ мондани сокинонаш шаҳодат медод. Тарсу ҳароси мардум аз вазъияти Афғонис­тон суръ­а­ти ин равандро дар қисмати ҷанубии ҷумҳу­рии мо буҳронитар кард.

Чунин ҳолат фаъолияти неруҳои нави сиёсиро барои ба даст овардани ҳокимият пурзӯр кард. Аз ҳама бештар роҳбарони ҳизби динӣ  дар байни мардум мағзшӯии мафкуравӣ анҷом дода, муборизаи худро бо майдонни­шинӣ ва даъвати мардум аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар оғоз намуданд. Рафти мубориза нишон медод, ки онҳо дар асоси барно­маи махсуси идеологӣ амал мекунанд. Тарафдорони онҳо асосан оммаи мардуми бесавод буданд, ки ба ивази дастмузди ночиз ва ваъдаву таҳдидҳо онҳоро ба майдонҳои муборизаи сиёсӣ ҷалб мекарданд. Ин ҷо низ мисли Афғонистон ҳадафи асосӣ аз қудрат дур андохтани низоми ҳукмрони коммунистӣ ва барпо намудани ҳукумати “адолатхоҳи” исломӣ буд. Баъзе даъватҳо ва шиорҳои инқилобӣ, аз қабили «Озодӣ, озодӣ! Истеъфо, истеъфо!» ҳангоми эътирозҳо садо медоданд. Ин далелҳо аз таъсири неруҳои берунаи манфиатҷӯ ва ҳавохоҳони нооромии Тоҷикистон дарак медо­данд.

Кор то ба таъсиси Ҳукумати муросои миллии Тоҷикистон расид, ки боиси коҳиши обрӯву эътибори ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ шуд. Ҳеҷ як кишвар намехост, ки бо онҳо сару кор гирад. Дар муддати кӯтоҳи фаъолияти ин ҳукумат оташи ҷанги бародаркушӣ қариб тамоми қаламрави ҷумҳуриро фаро гирифт. Кишвар ба вазъияте монанд ба Афғонистони гирифтори ҷанг шабеҳ мешуд. Моликияти давлатӣ талаву тороҷ гардида, ба иқтисодиёти кишвар зиёни молию ҷонӣ мерасид. Шаҳру деҳот ва боғу киштзор, муассисаҳои давлатӣ ва хонаҳои шахсӣ ба коми оташ кашида мешуданд ва вайрону валангор мегарди­данд, мардуми зиёд кушта ва гуреза мешуданд. Таҳдиди воқеии аз харитаи сиёсӣ маҳв шудани номи Тоҷикистон ба миён омада буд. Танҳо дар ҳамин ҳолат Ҳукумати муросои миллӣ ба даъвати иҷлосия розӣ шуд, зеро вазъият ҳолати будубош дар киштии Нӯҳро мемонд, ки ҳар амали носанҷида сабаби нобудии ҳамагон мешуд.

Даъват ва баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ 16 ноябри соли 1992 оғози таҳаввулоти нав дар сарнавишти давлати навини Тоҷикистон ва садди устуворе дар роҳи пешгирии парокандагии миллат гардид. Пахши мустақими рафти кори иҷлосия тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро бо ҳазорон орзуву иштиёқ гирдогирди оинаҳои нилгун овард. Мардум муждаи берун омадан аз бунбаст ва дамидани шуълаи умедро чашминтизор буданд. Мушоҳидаи рафти иҷлосия дар толор аз он дарак медод, ки тамоми неруи солими ҷомеа қотеона барои рафъи мушкилот камари ҳиммат бастаанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ далолат мекунад, ки дар давраҳои буҳронӣ барои посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба чолишу хатарҳои дохилию берунӣ як ақал­лияти фаъол ва созанда зуҳур менамояд, ки бақову пойдории давлат ва фарҳанги миллӣ аз тариқи фаъолият ва корнамоии ҳамин гурӯҳи масъулиятшинос таъмин ва баҳогузорӣ карда мешавад. Ҳамчунин шахсияти таърихие зуҳур менамояд, ки пешоҳангии ҳамин гурӯҳи созандаро ба дӯши худ мегирад.

Баъди овоздиҳӣ барои интихоби раиси Шӯрои Олӣ аз миёни намояндагони мардумӣ ҷавонмарди фурӯтану самимисурат, ки ба тозагӣ чиҳилсола шуда буд, ба минбар баромада, суханронии кӯтоҳе кард, ки аслу ҷавҳари он таъбири “Ман ба шумо сулҳ меорам” буд. Аҳли толор ҳамин суханро ончунон па­зи­руф­танд, ки гӯё пеш аз ин онро ҳаргиз нашунида буданд. Баёни ин сухани ҷаззоб дар анбӯҳи анҷуман ва созгории замону макон сахт мувофиқ омад, як муждаи тозаеро танинандоз кард, ки онро дар фалсафаи ирфонӣ вуқуфи малакутӣ ва дар урфи мардумӣ бози давлат мегӯянд. Ин шахсият Эмомалӣ Раҳмон буд ва аз ҳамин лаҳза боли иқбол, ки ба олами рӯҳоният бастагӣ дорад, мӯниси ҳамешагии кору пайкорашон гардид.

Хушбахтона, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтари­ни шахсияти таърихӣ  дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардиданд. Қазову қадар, тақдиру қисмат, иродату машийяти илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии фарзанди оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳаққуқ пазирад.

Пас аз ин, акнун бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон нахустин қарору қонун ва фармонҳое қабул гардиданд, ки ҳамон лаҳза мисли обу ҳаво барои миллату давлати мо зарур буданд ва барои дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бартарӣ додан ба бунёди давлати дунявӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани мушкилоти бақои давлати ҷавон ва пешрафти ҷомеа зарур буданд. Ҳамин санадҳои меъёрӣ буданд, ки дар муддати чанд рӯз имиҷи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир доданд. Интихоби роҳи нави давлатдории дунявӣ дар Тоҷикистон хатари бархӯрди идеологӣ бо исломи сиёсиро дар кишварҳои дигари минтақа низ заиф гардонид.

Ба андешаи мо, анҷумани сарнавиштсоз будани иҷлосияи таъри­хии XVI Шӯрои Олӣ якчанд ҷанбаи муҳими стратегӣ дорад:

  1. Тай шудани фосилаи замонии 25-сола интихоби дуруст ва шахсияти сарнавиштсоз будани Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд. Гузашти айём нишон дод, ки баргузории ҳамин иҷло­сия оғози истиқрори сиёсии бардавом ва заминаи поягузории рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ будааст. Зеро дар шахсияти Пешвои миллат дар баробари ормонҳои умумимиллӣ орзуву умеди минтақаи ҷуғрофии ҷануби Тоҷикистон таҷассум ёфта буд. Оромии ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон ва яке аз нуқтаҳои муҳими обистони ҷаҳонӣ ситораи қутбнамои вазъияти сиёсии минтақа мебошад. Ва таҷриба нишон дод, ки танҳо шахсияте мисли Эмомалӣ Раҳмон забону мантиқи гуфтушунид бо сокинони ин минтақаро дошта метавонад.
  2. Арҷгузории хидматҳои фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ истеъдоди баланди роҳбарӣ ва сазовори унвони воқеии Пешвои миллат буданро дар вазъияти ниҳоят сарбастаи ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ ошкор кард. Ҳеҷ кас дар он вақт барои пешгӯӣ кардани ояндаи Тоҷикистон ҷуръат намекард. Вале иродаи дар муҳити хизмати неруҳои баҳрӣ обутобёфтаи Эмомалӣ Раҳмон сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилно­писандӣ, масъулиятшиносӣ ва таваккул бар Худо карданро дар шахсияти ӯ гӯё барои уқдакушоии ҳамин муаммои таърихи навтарини миллати тоҷик захира карда буд. Пешвои миллат на танҳо тавонистанд, ки гурӯҳи ҳамфикрони созандаи худро дар ҳайати роҳбарии сиёсии кишвар сарҷамъ намоянд, балки инчунин аз байни анбӯҳи неруҳои мухолифин низ ақаллияти конструктивиро пайдо карда, онҳоро ба ҳамкории ҷиддӣ ба хотири ояндаи давлату миллат сафарбар созанд.
  3. Дар шахсияти Пешвои миллат суннати миллии гузашт ва афв кардани ҳамдигар ҷойгоҳ ва ҳузури муътабар дорад. Новобаста ба азму иродаи атрофиён дар тӯли 25 соли роҳбарӣ сокинони кишвар шоҳиди чандин маротиба бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афв шудани шаҳрвандон гардиданд. Чунин рафтори инсондӯстона боиси устувор гардидани Истиқ­ло­лия­ти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло рафтани эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон гардид ва мӯҷиби бо ҳам муттаҳид шудани қишру табақаҳои гуногуни ҷомеа дар роҳи корҳои созандагию ободонӣ гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат таво­нист ҳифзи манфи­ат­ҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу суботро дар саросари кишвар таъмин намояд ва иқтисодиёту иҷтимоиё­ти онро вориди маҷрои рушди устувор гардонад ва ба орзуҳои беш аз ҳазор сол дар замири поки ниёгони пурифтихорамон нуҳуфта татбиқи амалӣ бахшад. Насли ҷавони мо бояд аз ин воқеияти таърихи навтарини миллат огоҳ бошад, ба қадру манзалати соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият бирасад ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Мо итминони комил дорем, ки миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ дар роҳи татбиқи барномаи ҳадафҳои стратегии кишвар ба дастовардҳои бузург ноил мегардад.

Файзулло БАРОТЗОДА
директори  Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон

Манбаъ: www.mit.tj