Сахидод Раҳматуллозода: «Сухани Роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон дар дили сокинони кишвар умед ба фардоро бедор намуд»

Дастоварди асосии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд доир гардид, ба даст овардани роҳи наҷоти давлату миллат, ҳифзи якпорчагии кишвар ва бунёди сохти конститутсионии он бо роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо ҷасорат ва садоқати хеш аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ диққати тамоми мардумро ба худ ҷалб намуда буданд. Ибтидои сухани роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон дар мавриди сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар дили ҳамаи сокинони кишвар умеду боварӣ ба фардоро бедор намуд.

Бояд таъкид намуд, ки тоҷикон куҳантарин миллати минтақа, дорои собиқаи тӯлонии давлатдорӣ ва бонии шаҳрҳову тамаддунҳои бошаҳомату ифтихорофарин шинохта шудаанд. Хотираи таърихии миллати мо пур аз саҳнаҳои мубориза барои озодӣ, адолат, ободии кишвар, рифоҳи мардум буда, бисёре аз дастовардҳои инсонияти тараққихоҳи ҷаҳон бо номи фарзандони фарзонаи ин миллат иртибот доранд, ки дар пешбурди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва инкишофи он саҳму нақши онон равшантар аз офтоб аст. Таҷрибаи миллати мо дар амри офариниши фарҳангу адаб, созандагӣ ва бунёдкорӣ ва нуфузу таъсир гузоштан ба ҳаёту рӯзгори ҳамсоягони хеш барои тамоми оламиёни мутамаддин дар давраҳои мухталифи таърихӣ ҳамеша дастгиру роҳнамо, ҳидоятгар ва наҷотдиҳандаи худу миллатҳои дигар будааст. Намунаҳои зиёди фидокорӣ, азхудгузаштагӣ, қаҳрамонӣ, хидмат ба халқ, кишвар ва ёриву дастгирии дигаронро дар осори илмиву адабии гузаштагонамон метавон дарёфт, ки дар саҳифаҳои таърихи миллатамон сабт шудаанд.

Бузургтарин ҳодисаи таърихӣ барои миллати мо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар  охири асри гузашта мебошад, ки бар асари аз байн рафтани давлати муқтадири Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии сотсиалистӣ ба даст омад. Ҳамон гуна ки маълум аст, Истиқлолият барои мо нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва ҳамдавлатамон хеле гарон ва ҳамроҳ бо мушкилиҳои сиёсӣ ва ниҳоят бо даргириҳои хунину вахим мунҷар гардид, ки паёмади сангин ва оқибатҳои нохуш ба ҷой гузошт. Дар чунин марҳилаи ҳассос, ки бар асари рӯёрӯӣ ва муборизаҳои шадид хатари аз байн рафтани давлати ҷавону тоза ба истиқлолрасидаи тоҷикон эҳсос мешуд, халқи дурандешу адолатхоҳи мо ба хиради азалии хеш, таҷрибаи таърихии берун омадан аз буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву идорӣ такя намуда, бар ҳодисаҳои сангину нангини бар сараш аз таҳрики бегонагон расида фоиқ омад.

Бо дарки комили вазъияти ба амаломада, халқи ботадбири мо тавассути вакилони хеш дар мақоми олии намояндагони мамлакат масъулияти бузурги таърихии хешро дар давлату миллат эҳсос намуда, барои рафъу дафъи низоъҳо ва беқонуниятии мавҷуд дар кишвар даст ба тадобири шадиди сиёсӣ ва ифодаи иродаи хеш заданд, ки намунаи олӣ ва барҷастаи ин гуна иқдомот  тадвири Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии кишвар ба таърихи 16 ноябри 1992 дар шаҳри бостонӣ ва нисбатан боамният дар он замон – Хуҷанд мебошад, ки баёнгари қудрати Ҳокимияти давлатӣ ва ифодаву ибрози равшани иродаи сиёсии халқи соҳибихтиёр ва соҳибтамаддуни тоҷик аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки миллати мо қадамҳои нахустини боистиқлоли хешро дар ҷодаи фарохи озодии сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ,  ки ҳатто тасаввури он барои миллати мо дар дохили ҷумҳуриҳои шӯравӣ маҳол буд, мегузошт. Агарчи ин иҷлосияи таърихӣ дар шароити  душвор, дур аз толорҳои муҷаҳҳазу бузурги пойтахт ва таҳти фишору бархӯрди ақидаҳои мухталифи намояндагони мардумӣ доир гардид, боз ҳам дар он нахустин рукнҳо, асосҳо, пояҳо ва ҳастаи ҳокимияти олии кишвар, ибтидои кору барномаи давлатӣ барои барқарорсозӣ ва бунёди таҳдоби давлатдории ояндаи миллӣ ва таъмини қонуният дар соҳаҳои хоҷагии халқ, сулҳ ва ризоияти миллӣ гузошта шуд. Муҳимтарин рухдоди сиёсӣ дар ин иҷлосия дар қатори масъалаҳои дар боло ёдшуда интихоби роҳбарияти олии кишвар дар шахси марди оқилу доно, ҷасуру тавоно ва ҳидоятгару раҳнамо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар он лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз бо барномаи мукаммали воқеии хеш дар баробари миллату давлати дар ҳоли харобу дучори ҷанги маҳалливу минтақавӣ тавонист эълом намояд, ки овардани сулҳу субот  барои ҳар хонадони кишварро вазифаи аввалини хеш мешуморад. Имрӯз аз ин ҳодисаи тақдирсози миллат замони зиёде сипарӣ нагардидааст, вале ҳамин гузашти замонӣ исбот намуд, ки назару иродаи халқи соҳибхиради мо дар симои намояндагони арзандаи он дар вақти зарурат хеле дақиқ, воқеӣ ва мутобиқ бо меъёрҳои санҷидашудаи таҷрибаи миллӣ ва сабақҳои андӯхтаи мардуми азияткашидаи  мо дар дарозои таърихи пурифтихор амал намудааст. Халқ дар интихоби роҳбари ояндаи хеш хато накард. Маҳз ҳамин роҳбари далеру тавоно дар тӯли солҳои сипаришуда бо тамоми ҳастии хеш дар пайи оромӣ ва қатъи амалиёти низомӣ фидокорона талош варзид ва комёб гардид. Қарору масъалаҳои ба тасвиб расида дар ин Иҷлосия маҳз бо пешниҳоду ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтанд, ки роҳи ояндаи ӯро чун роҳбари ояндабин, дурандеш ва ғамхори воқеии миллату давлат муайян ва равшан намуд. Бо сарварии ин марди хирадманд раванди бунёдкорӣ  дар баробари таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ оғоз гардида, сохтмони иншооти дорои аҳамияти стратегии роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб – Хоруғ –Қулма – Қароқурум, нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Шаршар, неругоҳҳои барқии Сангтӯда, Роғун ва дигар корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ роҳандозӣ гардиданд, ки чунин дигаргунсозиҳои иқтисодӣ омили рушди кишвар гардида, бунбасти комуникатсионии пас аз пошхӯрии шӯравӣ ба вуҷуд омада аз байн мерафт ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешуд.

Иҷлосия бо муҳтавои масъалаҳои тарҳшуда дар он ва фарогирии онҳо, қабули қарорҳои таърихии барои миллату давлати навбунёди тоҷикон ҳаётан муҳим аз ҳодисаҳои сарнавиштсоз ва роҳнамои кишвари азизи мо гардид. Дар он барои барқарор кардани пояҳои сохти конститутсионии кишвар ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон 74 санади меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки рушди ҷомеа ва низоми аз байн рафтаи онро муайяну мушаххас сохта, роҳҳои қонунии ҳалли онҳоро ба миён гузошта, ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли низоъҳои дохилии кишвар, масъалаҳои минтақа ва ҷаҳон маътуф доштааст. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия ояндаи кишвари мо ба унвони ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардид.

Дар ин ҷо овардани суханони Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ба маврид аст, ки ҳангоми ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз пирӯз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷо гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созад…Ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид».

Ин суханони Роҳбари муаззами халқ ҳанӯз ҳам дар гӯши бедордилони ин сарзамин садо медиҳанд, ки хитобан ба аҳолии кишвар фармуда буданд: «Мо чандин маротиба гуфтаем ва боз мегӯем, ки тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешгирифтаи мо мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Ҳукумат ба рушду такомул ва густариши арзишҳои демократӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа кумаки худро дареғ намедорад, вале ҳукумат намегузорад, ки касе ё гурӯҳе дар зери парчами демократия табар бар решаи арзишҳои умумиинсонӣ занад, Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро вайрон кунад, байни мардум тафриқа андозад ва мардумро ба ҷанги бародаркушӣ даъвату ҳидоят намояд».

Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар ба арҷгузорӣ аз мероси маданӣ ва маънавии гузаштагонамон бештар гардида, бо таъкиди ин нукта, ки ояндаи мо бе дирӯзи пурифтихор вуҷуд дошта наметавонад ва афзудани эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз ниёгони бошарафи хеш таҷлили ҷашнҳои бузургдошти 1100-солагии Давлати Сомониён, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам, 1150-солагии асосгузори адабиёти форсии тоҷикӣ А. Рӯдакӣ, 1000-солагии “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, 675-солагии К. Хуҷандӣ, 960-солагии У. Хайём, 2700-солагии “Авесто”, 1000-солагии Н. Хусрав, 800- солагии Ҷ. Румӣ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 150- солагии Н. Туғрал, 100-солагии М. Турсунзода, Сотим Улуғзодаро чун нишони эҳтирому садоқати давлату миллат ба бузургони худ бояд донист.

Ҷойгоҳ ва мақоми Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии кишвар, ки ибтидои роҳи дурусту рости миллати моро бунёд гузошт, дар таърихи кишвару миллати мо хеле баланд буда, дар адабиёт ин ҳодисаи муҳим инъикоси сазовор ёфтааст:

 

Қасрҳо бисёр дар рӯи ҷаҳон,

Кохҳои муҳташам, овозадор.

Ҳар яке бо таърихе пайдо намуд

Байни аҳли халқи олам эътибор.

 

Қасри Арбоби Хуҷанди бостон,

Баҳри тоҷик қасри қисматсоз шуд,

Ҷангро побанди ному нанг кард,

Сулҳу ваҳдат з–ин макон оғоз шуд…

Сахидод РАҲМАТУЛЛОЗОДА,

узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илми

филология, директори Институти

забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ