Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Бадахшон барои ҷавононе, ки аз муҳоҷират баргаштаанд, давраи омӯзишӣ баргузор кард

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии инноватсия ва технологияи муосир дар осоишгоҳи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим  барои ҷавононе, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ  ба зодгоҳашон  баргаштаанд, давраи омӯзишӣ баргузор  кард. Ба гуфтаи  директори иҷроияи Ташкилоти инноватсия ва технологияи муосир Артур Худоназаров,  ин омӯзиш давоми як ҳафта идома меёбад ва дар он асосан ҷавононе, ки  баъди бозгашт аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар деҳоти дурдасти вилоят зиндагӣ доранд, иштирок мекунанд.  Аксари онҳо дар корхонаву сохтмонҳои  Федератсия Россия  кор карда, касбҳои мухталифро аз худ кардаанд ва таҷрибаи кофӣ ҳам доранд. Ташкилоти ҷамъиятии инноватсия ва технологияи муосир баъди ин ҳамоиш ҳамкориро бо собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ қатъ намекунад.  Баъди бозгашт ба зодгоҳашон ҳар яке аз онҳо мутобиқ ба шароити маҳал лоиҳаҳои хурд таҳия ва ба ташкилоти мазкур пешниҳод мекунанд. Баъди омӯзишу таҳлили  ҳаматарафа  лоиҳаҳои беҳтарин интихоб ва дар давоми шаш моҳ аз ҷиҳати моливӣ дастгирӣ карда мешаванд.

Ҳоло ба Ташкилоти ҷамъиятии инноватсия ва технологияи муосир чанд лоиҳа вобаста ба тиҷорати хурд, истифодаи энергияи барқароршаванда ва бо истифода аз захираҳои дастраси табиӣ гарм намудани хонаҳо пешниҳод шудаанд. Баъди баррасӣ ва хулосаи мутахассисон ин лоиҳаҳо дар амал татбиқ мешаванд.

АМИТ "Ховар"