«ТАСМИМ ДОРАМ БА БАДАХШОН БИРАВАМ». Сайёҳони хориҷӣ иброз доштанд, ки ҳамлаи ваҳшиёна ба ҷаҳонгардон пеши роҳи онҳоро гирифта наметавонад

Дар пайи кушта шудани чаҳор сайёҳи хориҷӣ ва захмӣ шудани се тани дигар дар ҷануби Тоҷикистон  назари дигар  сайёҳони  хориҷӣ дар кишвар ба ин ҳодиса яксон нест, гузориш додаст  Радиои «Озодӣ».   

«Тасмим дорам ба Бадахшон биравам»

Ёрди Этсорди, сайёҳи 26-сола аз Ҳолланд феълан танҳо Душанберо сайр кардааст ва саёҳаташ ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон тоза шурӯъ мешавад. Ӯ ду рӯз қабл тавассути кишвари Эрон ба Тоҷикистон омада, ният дорад баъди сайругашт ба Чин сафар кунад. Ин  сайёҳи  ҳолландӣ 30-юми июл дар сӯҳбат бо Радиои «Озодӣ» гуфт, хабари кушта шудани чаҳор сайёҳро шаби гузашта шунид ва дар ҳолати шок монд.

Вай гуфт, «шаби гузашта, як дӯстам аз Ҳолланд ба ман занг зад ва гуфт, ту зиндаӣ? Ман гуфтам, бале, зинда ҳастам. Вай гуфт, ки чаҳор нафар сайёҳе, ки ба ҳалокат расиданд, ду нафарашон аз Ҳолланд ҳастанд. Метавонистам ба ҷои онҳо ман бошам, чунки пас аз се рӯз ман ҳам ба он макон меравам».

Ёрди Этсорди гуфт, тасмим дорад Бадахшону Мурғобро бо дучарха сайр кунад ва баъдан ба Чин сафар намояд. Ин ҷаҳонгарди ҳолландӣ афзуд, то имрӯз ӯ ҳеҷ эҳсоси хатар накардааст ва ҳатман бо дучарха ба Помир хоҳад рафт.

Тавре иттилоъ додем, ҳодисаи ҳалокати сайёҳони хориҷӣ  29-уми июл дармавзеи  Себистони Данғара рух дод ва дар он ду сайёҳ аз Амрико ва як нафарӣ аз Нидерландия ва Швейтсария ҷон бохтанд. Яке аз ин сайёҳон дар беморхонаи ноҳияи Данғара ҷон додааст.

Элен Элеска  ҳамроҳ бо шавҳараш аз Олмон барои сайёҳат ба Тоҷикистон омадааст. Мегӯяд, аз шунидани ин хабар бисёр мутаассиф аст, аммо бо таваҷҷуҳ ба рух додани чунин ҳодисаҳо дар кишварҳои дигар, ҳамла ба сайёҳон дар Тоҷикистон наметавонад барномаи сафару сайёҳаташро бароҳам занад.

Ӯ афзуд, чунин ҳодисаҳо кам нестанд, ҳатто дар Олмон ҳам метавонад рух диҳад ва истоданаш дар Душанбе ва нарафтан ба Бадахшон ҳалли мушкил нест.

 

«Ягон оила бе камбудӣ намешавад»

Даниел Поздняков

Айни замон Тоҷикистон намудҳои сайёҳии варзишӣ, кӯҳнавардӣ, таърихиву фарҳангӣ, этнографӣ, рафтинг ва шикори байналмилалиро рушд медиҳад. Тибқи таҳлилҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ, ҷаҳонгардони хориҷӣ бештар ба сайёҳии экологӣ, таърихиву фарҳангӣ ва этнографӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.

Минтақаи Бадахшон аз маконҳои дидании ҷаҳонгардон ба шумор меравад, ки сайёҳон тавассути дучарха сайругашт мекунанд. Даниел Поздняков сайёҳи дигаре, ки бо хонаводааш аз Россия омадаст, дар сӯҳбат бо Радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки онҳо пас аз тамошои Бадахшон ба Душанбе омаданд ва он ҷо  сайёҳони  зиёдеро диданд, ки бо дучарха сайёҳат мекарданд.

Даниел гуфт, «надидани чунин гӯшаҳои зебое, ки Тоҷикистон дорад, гуноҳ аст. На танҳо як бор, балки чандин маротиба рафта он ҷоро бояд дид. Одамон ҳар хел мешаванд, чунин ҳодисае, ки рух дод, хоси ин миллат нест. Одамон дар ин ҷо хеле хуб ҳастанд ва бо мо хеле ҳалим буданд, ба мо ҷои хобу хӯрок доданд, дар бораи Тоҷикистон қиссаҳои ҷолиб нақл карданд. Аммо тавре мегӯянд, ягон оила бе камбудӣ намешавад».

АМИТ«Ховар»