Дирӯз дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе маросими оғози Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар олимпиада Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршед Икромӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ширкат варзиданд.
Нуриддин Саид зикр намуд, ки «олимпиадаҳо тавассути Маркази миллии тестӣ доир мегарданд ва мақсад аз он таъмини шаффофият ва дарёфти хонандагони донишманду болаёқат мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза танҳо тарбияи насли босаводу донишманд метавонад миллату давлатро аз ҳар гуна хатар нигоҳ дорад, аз ин рӯ, хонандагони моро зарур аст, ки бештар ба хондани китоб рӯ оварда, донишҳои муосирро азбар намоянд».
Хуршед Икромӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Латофат Назирӣ, муовини Вазири маориф ва илм иштирокчиёнро бо барнома ва шартҳои баргузории олимпиада шинос намуданд.
Бояд зикр намуд, ки ки Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 15-16 апрел дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
АМИТ "Ховар"